• 19.06.2019

Ба сайёҳон SIM-корти бепул дода мешавад

Ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон мегирад.

  • 19.06.2019

Вуруди маҳсулоти пастсифат: Чаро мутахассисону вакилон хомӯшанд?

Аз мардуми одӣ то масъулини ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки маҳсулоти қаннодӣ, ширу шарбате, ки дар рафҳои мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагон мегарданд, дар онҳо норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мушоҳида мегардад…

  • 15.03.2017

Тоҷикистон: Чархболҳои рус зиёда аз 10 бомба партофтанд

Лёчикҳои базаи 201 дар дар майдони озмоишии ҳарбии Ҳарбмайдони Тоҷикистон тавассути вертолётҳои Ми-8 ва Ми-24 амалиёт гузарониданд. Дар ин бора Дафтари матбуоти округи ҳарбии Марказӣ хабар медиҳад.   Вазифаи лечикҳо иборат аз он буд, ки ҳадафҳои дар замин қарордоштаро мавриди бомбаандозӣ қарор диҳанд. Зимнан ёдрас гаштааст, ки мақсади асосӣ иборат аз он буд, ки калоннаи […]

  • 15.03.2017

Рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як рӯйхат, ки дар он номи 19 созмоне, ки террористӣ ё ифротӣ шинохта шудаанд, ва беш аз 200 нафари алоҳида, шаҳрвандон ва корхонаҳову ширкатҳоро ҳушдор додааст, ки бо онҳо ҳамкории молиявӣ ба роҳ намонанд. Ин рӯйхатро Бонки миллӣ дар бори аввал  дар сомонаи расмиаш  нашр кард. РӮЙХАТИ СОЗМОНҲО Созмонҳое ки […]

  • 15.03.2017

Намоиши ройгони Фурӯшанда» дар Душанбе

Филми «Фурӯшанда»-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи 17-уми март соати 17:00 дар “Хонаи синамо”-и шаҳри Душанбе барои нахустин бор намоиш дода мешавад. Ин филм моҳи феврал барандаи ҷоизаи бонуфузи «Оскар» дар Амрико шуд. Сафар Ҳақдод, раҳбари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, намоиши филми “Фурӯшанда” ба таври ройгон баргузор мешавад ва тамоми алоқамандони синамо метавонанд ба тамошои […]

  • 15.03.2017

5 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба ҳалабони «Тоҷикэйр»

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе халабони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» Абдурашид Ясиновро барои бидуни талафоти ҷонӣ фуруд овардани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав, бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтааст, сардори ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода барои халабони ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», Абдурашид Ясинов, ки дар ҳолати изтирорӣ ҳавопайморо ба замин фуруд овард ва 140 мусофирро […]

  • 15.03.2017

Талоқ дар «Хонаи бахт» кашолкории кормандони ЗАГС- и шаҳри Кӯлоб ба ин сабаб шуд

Оилаи тоҷик дуруду дуои ҷони мардонеро мекунанд, ки бунёдгарони ҷомеаи орому осудаи имрӯза мебошанд. Ин осудагӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат-Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Вале имрӯзҳо як қабил роҳбарону масъулон нисбат ба корафтодагон носипосӣ мекунанд. Инро мо, пеш аз ҳама,  дар фаъолияти  бепарвоёнаи кормандони  идораи Сабти асноди […]

  • 15.03.2017

Конибодом: Корхонаи Чинро суд мекунанд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон корхонаи муштараки сементбаронии Тоҷикистону Чин «Билол Суюлин Семент”-и шаҳри Конибодомро ба саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи қариб 400 ҳазор сомонӣ айбдор карда, ба зидди ин корхона парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин корхона бояд имсол ба кор шурӯъ мекард.. Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 15 март хабар дод, ки ба зидди мудири корхонаи сементбарории […]

  • 15.03.2017

Хуҷанд: Фирори ронанда пас аз пахши аъзои як оила

Дар маҳаллаи 13-и шаҳри Хуҷанд ронандае шабона баъди пахши аъзои як оила, зану шавҳар фирор кардааст. Мақомоти корҳои дохилаи Суғд дар ин бора иттилоъ дода мегӯяд, ки баъди садамаи нақлиётӣ ҷавони 26 сола ва ҳамсари 25 солаашро бо бардошти ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Мақомот мегӯяд, баъди садама тифли […]

  • 15.03.2017

Ғолибияти зебосанами тоҷик дар озмуни зебоии ҷаҳон

Ёсуман Холова, модели 18-сола аз Тоҷикистон дар озмуни зебоии «Miss Global Tourism 2017” дар Чин аз байни 60 довталаб сазовори мақоми дуюм шуда, ҳаққи муаррифии маҷмуаи нави либосҳои тарроҳи маъруфи фаронсавӣ Пер Карденро ба даст овардааст. Шоми 14 март дар Чин озмуни зебоии «Miss Global Tourism 2017” натиҷагирӣ шуд. Барои дарёфти унвони зеботарин модели дунё […]

  • 15.03.2017

Таъиноти кадрӣ дар телевизион

Давлатзода Зевар аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод шуд. Номбурда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар — муовини Вазири фарҳанг, Саидов Носир – Дирекори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Шамсуддинзода Садриддин – Директори муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва Шамсиддинзода Субҳиддин – Директори телевизиони «Тоҷикистон» […]

  • 15.03.2017

Маскав: Тоҷикбача қасди худкушӣ кард

Як ҷангии тоҷик, ки дар роҳи бозгашт аз Туркия дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд, талош кардааст ибтидо телефонашро нобуд кунад ва сипас даст ба худкушӣ занад. Вале мақомоти амниятии Русия аз ҳарду қасди ӯ ҷилавгирӣ кардаанд. Сомонаи РЕН ТВ хабар дод, ки мақомоти амниятии Русия дар як фурудгоҳи Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони иртибот […]

  • 15.03.2017

Тағйироти кадрӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон

Имрӯз Муъмин Шарифзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Аз рӯйи манбаъҳои муътамади расмӣ, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров, ки то ин замон сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе буд, таъин гардидааст. Инчунин, ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва […]

  • 15.03.2017

Росия: Муҳоҷири тоҷикро ба педофилия гунаҳгор карданд

Додгоҳи Русия зодаи Тоҷикистон Раҳмонҷон Мирзоеви 42-соларо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси ҷияни ноболиғи ҳамсараш ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Раҳмонҷон Мирзоев мегӯяд, ки ӯ ба тӯҳмат гирифтор шудааст. Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Челябински Русия рӯзи 14 март ҳукми зодаи ТоҷикистонРаҳмонҷон Мирзоевро содир кард. Додгоҳи Калинин ин марди соли таваллудаш 1974-ро, ки шаҳрвандии ҳам […]

  • 15.03.2017

«Облава» оғоз шуд

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмати ҳарбиро имзо кард. Даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март фармонро «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, […]

App Banner